Ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 4 – 10 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE