Ба марзи Узбекистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт
Ба марзи Узбекистон ҳамлаи мушакӣ сурат гирифт, ки эҳтимолан аз ҷониби Афғонистон партоб шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ доданд.
«5 июли соли 2022, тахминан соати 16:20 дар минтақаи сарҳадии Узбекистон, афтиши хумпораҳои мушакӣ, ки эҳтимолан аз қаламрави Афғонистон партоб шудаанд, ба қайд гирифта шуд. Бояд гуфт, ки ҳангоми афтидани хумпораҳо таркиш ба амал наомада, талафоти ҷонӣ ва хисорот ба мушоҳида нарасидааст. Дар маҳаллаи Маҷнунтоли шаҳри Тирмиз ба чор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расонида шудааст», — омадааст дар матни интишоршуда дар канали «Telegram»-и намояндагии дипломатӣ.
Ҳамагӣ панҷ мушак партоб шудааст. Яке аз хумпораҳо дар майдони футбол дар ҳамон маҳалла пайдо карда шуд.
Гуфта мешавад, ки хумпораҳо аз ҷониби воҳиди сапёрҳо безарар гардонида шуда, аз талафоти ғайринизомӣ пешгирӣ гардид.
Ба гуфтаи манбаи агентии «Sputnik», дар пулиси вилояти Балхи Афғонистон, ҳамлаи мушакӣ аз минтақаи Ҷартани деҳаи Токайи ноҳияи Шӯртеппа сурат гирифтааст.
«Шахсони номаълум ба мошини тамғаи «Suzuki» мушак насб карда, ба самти Узбекистон 6 адад партоб карданд. Мошин комилан сӯхт ва одамон фирор карданд», — илова намуд манбаъ.
Полиси Афғонистон эҳтимоли захмӣ шудани чанд нафарро дар натиҷаи сӯхтор истисно намекунад. Масъулияти партоби мушакро то ҳол касе бар уҳда нагирифтааст. Тамоми ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки комиссияи муштараки Узбекистон ва Афғонистон дар ҳоли ҳозир «барои муайян кардани сабабҳои ин ҳодиса чораҳои заруриро амалӣ менамояд».