19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО шомил гардиданд
19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИСЕСКО, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов.
Тибқи иттилои ў, ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки аз 4 то 7 июли соли равон дар Шоҳигарии Мароко баргузор гардид, тасдиқ шудаанд.
Парвандаҳои номинаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур аз тарафи коршиносони вазорат таҳия гардида, ба дафтари марказии созмони мазкур тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол гардид.
Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии пешниҳодгардида, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.
Парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои мазкур аз ҷониби коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов ва коршиноси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммад Наботов таҳия гардидааст.