Cайри Кӯлоби бостонӣ

Кӯлоб аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Вусто маҳсуб шуда, бо таърихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохтааст. Таърихи беш аз 2700-сола доштани ин шаҳрро ҳафриёти гуногуни бостоншиносон шаҳодат дода, дар таърихномаҳо Кӯлоб ҳамчун шаҳри обод бо мардуми ҳунарманд ва дар айни замон далеру ҷасур зикр ёфтааст. Дар солҳои 1993-1994 бостоншиносон Павел Самойлик ва Музаффар Азизов аз шафати оромгоҳи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ хумдонеро пайдо карданд, ки ба асри ҳафти пеш аз мелод мансуб буд, яъне 2700 сол умр дошт.

Омӯзиши таърихи Кӯлоб бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2001-ум шурӯъ шуда, то кунун идома дорад. Дар атрофи шаҳри Кӯлоб бостоншиносон беш аз 200 – ҳандақро мавриди омӯзиш қарор доданд, ки панҷтои он дар ҳудуди хумдонҳои мақбараи Мири Кабир маҳфузанд. Бостоншиносон дар ҳар қабати хоки ин ҳандақхо, ки андозаи онҳо ба 1,5-2 метр мерасад шумораи зиёди сафолпораҳоро дарёфт карданд, ки аз осори тамаддуни салтанати Ҳахоманишиён гувоҳӣ медиҳад.

Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Дигар ёдгориҳое, ки пайдо гардиданд аз давраи салтанати Кӯшониён, Бохтариён, Ҳахоманишиён, Ҳайтолиён, Сосониён ва ғайра гуфоҳӣ медиҳанд, ки дар мавриди ҳар яки ин давраҳо дар Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб маълумоти муфассал бо далелҳои воқеӣ маҳфузанд.

Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрҳое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои IX-VII — пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд. Ин шаҳр дар таърих бо аспҳои хушзоти бидави худ — «аспҳои хатлӣ» ва мардуми ҷангии худ машҳури кишварҳои Хуросону Мовароуннаҳр будааст.

Мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ. Дар Кӯлоб барои сайёҳон маконҳои ҷолиб зиёданд, ки маъруфтаринашон инҳо мебошанд: Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихии Кӯлоб, Осорхонаи шоирон Сайдалӣ Вализода ва Ашӯр Сафар, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, майдонҳои Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи “Модар”, муҷассамаи “Оила”, муҷассамаи “Шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон”, муҷассамаи шоири тавонои Кӯлоб Шамсиддин Шоҳин, оромгоҳи ҳакими машриқзамин Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, оромгоҳи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, чашмаи пурмоҳии “Девоначанор”, оромгоҳи Хоҷағоиб (шахсиятҳои шинохтаи Кӯлоб дафн шудаанд)

Ҷойи зикр аст, ки бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб ба ҳайси Пойтахти фарҳангӣ давлатҳои муштаракулманофеъ шинохта шуда, дар он муассисаҳои гуногуни фарҳангӣ фаъолият мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки Шаҳри Кӯлоб аз қадимулайём бо ҳунармандони чирадасти худ кайҳо боз машҳур гардидааст. Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб мардум ба ҳунарҳои гунонгуни халқии қадима ва муосир машғул мебошанд. Ба монанди бофандагӣ (ҷӯроббофӣ, гилембофӣ, қолинбофӣ), дӯзандагӣ (чакандӯзӣ, порадӯзӣ, тоқидӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, пояфзолдӯзӣ…), намадмолӣ, дуредгарӣ (табақтарошӣ, чумчатарошӣ, ҳайкалтарошӣ, зиниасптарошӣ, гаҳворасозӣ, асбобҳои мусиқӣ…), оҳангарӣ (асбобҳои рӯзгор аз қабили табар, болға, бел каланд, дос, тануру лулатанур…), заргарӣ, пазандагӣ (истифодаи махсус аз маҳсулоти ширӣ, гуштӣ нонӣ ва алафӣ…) ва ғайраҳо.

Инчунин, занони ҳунарманди Кӯлоб анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла, қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, ривоч, нашоиста ва ғайраро бо маҳорати баланд метавонанд омода кунанд.

Кӯлобро дар баробари шаҳри далерон метавон шаҳри санъаткорон номид. Чунки дилхоҳ сокини Кӯлоб (чи зану чи мард новобаста аз касбу кору вазъи иҷтимоӣ) ҳатман ягон асбоби мусиқӣ, лоақал дутор, ё таблаку доира навохта, суруд ё рақс иҷро карда метавонад. Инчунин, Кӯлобро бо санъати чакандӯзиву гулбасташ дар тамоми дунё мешиносанд. Махсусан матои гулбасти Кӯлоб беҳамто буда, дар дигар минтақаҳои кишвар қариб, ки тамоман дида намешавад.

Аз дигар вижагиҳои Кӯлоб ин аст, ки маҳаллаҳояш бо ҳунарҳои мардумӣ ном бароварда аз қадим чунин номгузориашон ҳифз шудааст. Масалан, Чармгарон, Нонбой, Саросиёб ва ғайра. Ин ва дигар вижагиҳои Кӯлоб омили ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ гардидааст.

Мадина ЮСУПОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE