Сафири Тоҷикистон дар Сурия бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ ва Мудири Ҳилоли Аҳмар мулоқот намуд

24 июл дар фурудгоҳи Димишқ мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия бо Виктор Найланд ва Мудири Ҳилоли Аҳмари Сурия Халед Ҳабибтӣ сурат гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои мазкур баррасӣ гардиданд.

Тавре қаблан иттилоъ додем 21 июл дар Димишқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини  Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, Роҳбари Дафтари амнияти миллии ин кишвар, генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ вохӯриҳо анҷом дод.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният миёни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE