«Тоҷикстандарт» дар сурати ихтиёран супоридани маҳсулоти пастсифат номи соҳибкоронро ифшо намекунад

Агентии  «Тоҷикстандарт» хабар дод, ки номи соҳибкоронеро, ки ба анборҳои ин агентӣ «ихтиёран» маҳсулоти пастсифату муҳлаташ гузаштаро месупоранд, ифшо намекунад.

Чунин иқдом, ба гуфтаи масъулин, барои ҷилавгирӣ аз тақаллуби истеъмолкунандагон ва фурӯши маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташ гузашта дар бозорҳои кишвар мусоидат менамояд. «Тоҷикстандарт» хабар дод, ки чунин соҳибкорон барои ҳамкорӣ ва риояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳавасманд карда мешаванд.

Сардори нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Парвиз Муҳибов 21 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, бо ташаббуси онҳо як ширкати маъруфи ороишӣ ба анбори ин ниҳод садҳо адад маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ворид кардааст. «Худатон дидед, ки ин корхона 8854 адад маснуоти атрию ороишии пастсифат оварда, супурдааст. Тибқи тартиби муқарраршуда, онҳо рӯзҳои наздик дар партовгоҳи маишии шаҳри Душанбе бо ҳузури комиссия нобуд карда мешаванд», — афзуд ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон тоҷирон ва соҳибкорон ихтиёран ба анборҳои Агентии «Тоҷикстандарт» 23 тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро барои нобуд кардан супурдаанд.

Кормандони «Тоҷикстандарт» тайи шаш моҳ тоҷирону соҳибкоронеро, ки моли пастсифат ва муҳлаташ гузаштаро ба маблағи беш аз 620 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд, ҷарима бастаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки зимни санҷиш ва мониторинги бозорҳо 1364 далели вайрон кардани қоидаҳои савдо, риоя накардани талаботи санадҳо ва ҳуҷҷатҳои техникӣ ошкор гардида, нисбат ба ин субъектҳо тадбирҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Соҳибкорон иброз медоранд, ки риояи талаботи сифати молу маҳсулот дар бозор сабаби ҷалби бештари харидорон ва рақобатпазирии молу амволи онҳо мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE