Ашурбой Солеҳзода ва Оми Асако равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷопонро баррасӣ карданд
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо муовини якуми Вазири корҳои маъмурӣ ва коммуникатсияи Ҷопон хонум Оми Асако мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, бахусус дар самти савдои мутақобила ва сармоягузорӣ, инчунин тақвияти робитаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон дар самти робитаҳои такмили низоми мубодилаи таҷриба оид ба мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Омӯзиши таҷрибаи Ҷопон дар ин самт барои такмили низоми мавҷуда дар кишвар аҳамияти хосса дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида изҳор намуданд.