Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Тошканд иштирок менамояд
Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳридин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 28-29 июл дар Тошканд баргузор мегардад, ба Узбекистон сафар кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.
Интизор меравад, дар доираи ин сафар Сироҷиддин Муҳридин бо ҳамтоёнаш якчанд мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ ширкат варзад.
Феълан раёсат дар СҲШ бар зиммаи Узбекистон аст.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи охирини Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ 13-14 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе, замоне ки раёсат дар созмонро Тоҷикистон бар зимма дошт, баргузор шуда буд.
Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.
СҲШ созмони байналмилалӣ буда, соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон ва кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.