Дар шаш моҳи соли равон ба Шӯрои бадеии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардид

Дар шашмоҳаи аввали соли равон барои баррасӣ ва омӯзиш ба Шӯрои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» 22 филмнома пешниҳод гардида, 7 адади он барои коркард қабул шуд, — иттилоъ дод Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён рӯзи чоршанбе, 27 июл зимни нишасти матуботии ин ниҳод.

Ба гуфти Маҳмадсаид Шоҳиён, аз миёни ин ҳафт филмнома яке филми бадеӣ бо номи «Ҳақиқат» аст, ки дар бораи тақдири рӯзноманигор ва талошҳои ӯ барои  фаъолияташ нақл мекунад.

«Барои тарғиби дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ, тақвияти ҳамкории филмофарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон»таъсис дода шуд. Барои ба даст овардани ин ҷоизаи миллӣ тӯли як моҳ ҳайати доварон ба беҳтарин филмҳои нави ватанӣ, ки давоми солҳои 2019-2021 аз ҷониби филмофарони дохилӣ рӯйи навор омадаанд, баҳо гузоштанд. Ин ҷоизаи миллӣ аз озмуни филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ иборат мебошад», — гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки 1 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо ширкати созандагони филмҳои миллӣ баргузор гардид.

Унвони «Беҳтарин филми аниматсионӣ»-ро филми «Лаклаки табиб»-и Муҳиддин Сулаймонӣ, «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона»-ро Мавлона Наҷмиддинова аз филми «Автобус», «Беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона»-ро Салоҳиддин Шукуров аз филми «Дов», «Беҳтарин коргардон»-ро Файзулло Файзов бо филми «Бачаи обӣ», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ»-ро «Додараки фариштаҳо»-и коргардон Умед Мирзоширинов, «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро «Дов»-и Муҳиддини Музаффар соҳиб шуданд. Инчунин филме, ки «Таваҷҷуҳи махсуси ҳакамон»-ро ба даст овард, «Охирин сайди   Сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабии Исмоил шуд.

Филми «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE