Сафири Тоҷикистон дар Ироқ бо раиси Комиссияи миллии сармоягузории Ироқ мулоқот кард
5 марти соли 2024 зимни сафари корӣ ба Бағдод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Комиссияи миллии сармоягузории Ироқ Ҳайдар Муҳаммад Маккия доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳои сармоягузории ду кишвар, таъсиси Шурои соҳибкорон, баргузории бизнес-форуми соҳибкорон ва табодули сафарҳои ҳайатҳои тиҷориро мавриди муҳокима қарор доданд.