«Somon Air» минбаъд дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар як ҳафта ду парвоз анҷом медиҳад
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» минбаъд парвозҳоро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе бо зичии ду парвоз дар як ҳафта амалӣ менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷадвали парвозҳои мунтазами ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин масир тасдиқ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба алоқаи ҳавоӣ 27 марти соли 2003 ба имзо расидааст, ки дар асоси он ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар парвозҳои ҳавоиро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе анҷом медиҳанд.
Инчунин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои мустақими худро бо харидории ду адад ҳавопаймои тамғаи Боинг 737-800 ба дигар самтҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик афзоиш диҳад.
Ҳамзамон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 3 август иҷрои парвозҳоро дар масири Хуҷанд – Новосибирск – Хуҷанд ва аз 4 август дар хатсайрҳои Душанбе – Қазон – Душанбе ва Душанбе – Москва (Жуковский) – Душанбе роҳандозӣ менамояд.