Сипари боэътимоди Ватан!
Барномаи ҷашнӣ ба ифтихори 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон. Дар барномаи имруза афсари калони зершӯъба оид ба корҳои сиесӣ- тарбиявии қисми ҳарбии 3502- и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД лейтенант Шарбону Убайдова, сарбозони ҳамин қисми низомӣ Муҳаммад Эмомов, Сироҷиддин Абдуллоев, Аниси Тоҷиддин, Баҳром Зайниддинов, Маҳбуби Наврӯз, Иноятулло Олимзода иштирок варзиданд. Дар барнома гуфта шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон замоне таъсис ёфт, ки кишварамон дар вазъи ноҳинҷори сиёсӣ қарор дошт ва ҳеҷ меросе аз замони Шӯравӣ нагирифта буд. Мусоҳибони мо, аз шароити хуби қисмҳои низомӣ ва буду боши афсарон, имконоти аёдати сарбозону афсарон ибрози назар намуданд.
Афсари калон Шарбону Убайдова аз нақши занон дар хидмати ҳарбӣ сӯзан ронданд. Инчунин аз иштироки фаъоли сарбозон дар озмунҳо ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни барнома сарбозони соҳибистеъдод суруд сароиданд, навозандагӣ ва шеърхонӣ карданд.
Мусоҳибони мо, бо ифтихор аз мактаби шуҷоату мардонагӣ будани хидмати Ватан-Модар ибрози назар намуданд.