Ҳушдории Агентии обуҳавошиносӣ: Аз 29-уми июл то 1-уми август ҳавои хокбориш Тоҷикистонро фаро мегирад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳад, ки аз 29 июл то 1 август бо сабаби канда шудани ҳаракати мавҷҳои гарм аз тарафи ҷануб дар мамлакат пастшавии ҳарорат дар назар буда, хокбориш ба амал меояд.
Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо сурътаи 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд.
Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз бар асари ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об дар назар аст.
28-30 июл обуҳавошиносон омадани селҳоро бар асари об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ пешгӯӣ мекунанд.
Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки дар ин рӯзҳо ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.
Вобаста ба рӯзҳои хокбориш табибон тавсия медиҳанд, ки мубталоёни бемориҳои дилу рагҳо ва нафароне, ки гирифтори бемории дамкӯтоҳӣ ҳастанд, дар чунин ҳолатҳо эҳтиёткор бошанд. Инчунин дар ин гуна вазъи ҳаво табибон ба нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва ҳассосият ҳастанд, тавсия медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ аз ниқоб истифода баранд. Зеро ин гуна ҳолат метавонад боиси авҷ гирифтани бемориҳо гардад.