Ҳамоиши муарифии Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағҳои навро барои беҳтар намудани дастрасӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва технологияҳои сабз барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон ҷудо менамояд. Марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа бо 25  млн. доллар ба анҷом расила марҳилаи дуввум бо 50 млн доллари амрикоӣ оғоз  гардид.

Барномаи Маблағгузории Иқтисоди сабз дар Тоҷикистон қарзгирандагони манзилӣ ва тиҷоратиро барои сармоягузорӣ ба технологияҳои сабз ва инноватсионӣ дар истифодаи самаранокии об ва идоракунии устувори замин мусоидат ва ҳавасманд хоҳад намуд.

Дар ин хусус имрӯз  зимни ҳамоиши муарифии Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Бонки Аврупои таҷдид ва рушд  дар меҳмонхонаи ” Ҳаят Реженси”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд. Дар ин хусус ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода аз рафти ин чорабинии сатҳи баланд иттилоъ дод.  Инчунин дар рафти  ҳамоиши мазкур аз ҷониби шарикони рушд тазаккур дода шуд, ки лоиҳа ислоҳоти сиёсати ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани иқтидор ва идорпкунии хавфҳои иқлимӣ дар бонкҳои ширкаткунанда нигаронида шудааст дастгирӣ менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE