Дар Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Лаҳистон баррасӣ шуд
2 август муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Ҷумҳурии Лаҳистон дар Тоҷикистон Радослав Грукро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва иштирок дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон 11 феврали 1992 барқарор гардидаанд.
Заминаи рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд дар рафти мубодилаи сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон ба Душанбе дар соли 2002 ва сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Варшава соли 2003 гузошта шуд.
Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анҷей Себастян Дуда мулоқот анҷом доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон машваратҳои сиёсӣ ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.
Дар доираи барномаи мубодила миёни донишгоҳҳо омӯзгорони Лаҳистон ҷиҳати таълим додани донишҷӯёни тоҷик ба Тоҷикистон сафар менамоянд.
Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ зиёда аз 15 созишномаро дар бар мегирад.