Дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира гардид

Таҳлилҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки  аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон»* то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ҳол он ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Соли равон аз тарафи кормандони фаврии агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия нисбат ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки  дар Тоҷикистон ва Русия ба хариду фурӯши маводи мухаддир машғул буд, амалиёти муштараки дуҷониба гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин амалиёт дар ду марҳила дар маҷмӯъ як килову 06 грамм героин мусодира гардид. Ҳамзамон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

Ба зикри сардори Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ, генерал-майор Ҳотамшо Маҷидзода, дар ин ҷиноят шаҳрвандони ҷумҳурӣ Шамшод Холиқов, соли таваллудаш 2001, Далер Сафарзода, соли таваллудаш 1990, ки шаҳрвандии Русияро доштанд ва ҷойи истиқомати доимиашон дар Федератсияи Русия буд, дастгир карда шуданд. Оид ба ин ҳолат парванда оғоз карда шуда, нисбат ба дигар саркардаҳои ин гурӯҳи ҷиноятпеша корҳои тафтишотӣ  бурда мешаванд.

«Инчунин агентӣ 77 нафар шахсонро дар кофтуков эълон кардааст, ки аз ин шумора имсол шаш нафар дар ҷумҳурӣ ва чор нафар бо мактуби расмии Директори агентӣ дар Федератсияи Русия дастгир карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон Муҳсинҷон Раҷабов, Ҳасан Исматов, Алишер Мирзоев, Ҷамшед Атоев ва Ҳасан Игамов мебошанд, ки як нафари онҳо — Ҳасан Игамов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шуд. Се нафари дигари дар кофтуковқарордошта то охири моҳи август ба мамлакат истирдод карда мешаванд», — гуфт дар идома Ҳотамшо Маҷидзода.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки моҳи феврали соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи баргузории як амалиёти бобарори фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаеро дастгир намуданд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст доштанд.

Саркардаи гурӯҳи муташаккил Раҳимов Нурулло Мирзоназарович, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Чортути боло, оиладор, соҳиби 4 фарзанд шахсияти дар олами ҷиноӣ бо лақаби «Кафтарбоз» «маъруф ва шинохта» мебошад, ки соли 1995 бо моддаи 234 и КҶ ҶТ ва 228 и КҶ Федератсияи Русия ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Аъзои гурӯҳи муташаккил: Соқиев Саъдӣ Ҷумаевич, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд;

Минбаев Баҳрулло Иззатович, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, соли 2002 бо моддаи 104 КҶ ҶТ (одамкушӣ) ба муҳлати 14 аз озодӣ маҳрум шудааст;

Жаббиров Асроридтин Гулбаевич, санаи таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Дӯстии халқҳо, пеш бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;

Расули Кабир, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, санаи таваллудаш 1984, зодаи вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, миллаташ афғон, оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Ҳамин тариқ, аз номбурдагон 13 кг 100 гр воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш», «афюн» ва «метамфетамин»  бозёфт ва мусодира карда шуд.

Саркардаи гурӯҳи муташаккил Нурулло Раҳимов бо вонамуд кардани он ки гӯё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ парвариш ва нигоҳубини парандаҳо ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадааст. Ҳамчунин ҳангоми дастгир намудан ӯ бо худ 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» нигоҳ медошт.      Аммо кормандони Агентӣ бо ҳушёриву чолокӣ мавсуфро дастгир намуда, имкон надоданд, ки муқобилият нишон дода, аз силоҳи оташфишон истифода намояд.

Ҳамин тариқ, нисбат ба Раҳимов Нурулло Мирзоназарович парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 ва қисми 1- и моддаи 195  ва нисбат ба Соқиев Саъдӣ Ҷумаевич, Минбаев Баҳрулло Иззатович, Жабиров Асроритдин Гулбаевич ва шаҳрванди Афғонистон Расули Кабир парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE