Лиз Трасс Сарвазири нави Британияи Кабир гардид
Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Лиз Трасс дар мубориза барои мақоми роҳбари Ҳизби ҳокими консервативӣ пирӯз гардид. Дар ин бора имрӯз баъди натиҷагирии раъйдиҳии дохилиҳизбӣ хабар дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ба тарафдории номзадии Трасси 47-сола 81 326 нафар аъзои одии Ҳизби консервативӣ овоз доданд. Рақиби вай, вазири собиқи молия Риши Сунаки 42-сола 60 399 овоз гирифт. Ҳамин тариқ, Трасс ҳамчун роҳбари ҳизби ҳоким 6 сентябр Борис Ҷонсонро дар вазифаи Сарвазир иваз ва ҳукумати навро таъйин мекунад.
Лиз Трасс Сарвазири 56-уми Британияи Кабир (ё 78-ум бо дарназардошти онҳое, ки ин мақомро беш аз як бор ишғол кардаанд) ва 15-умин дар замони ҳукмронии малика Елизавета II хоҳад шуд. Вай инчунин баъд аз Маргарет Тэтчер (аз соли 1979 то 1990 роҳбарии кабинаро бар уҳда дошт) ва Тереза Мэй (аз соли 2016 то 2019) зани сеюме хоҳад шуд, ки роҳбарии кабинаи вазиронро бар уҳда дорад.