Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия» баргузор мегардад
Дирӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Андрей Руденко мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати ҶТ дар ФР хабар доданд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз ваъзи кунуни ҳамкории ду кишвар масоили марбут ба рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Миёни ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идомаи мулоқот ҳайати Русияро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.