Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо cафири ШМА

25 июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ШМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE