Муҳаммад Яъқубов дар мусобиқаи «RCC Boxing Promotion» бар Карлос Даниел Кордоба ғолиб омад

Муштзани тоҷик Муҳаммад Яъқубов дар мусобиқаи «RCC Boxing Promotion», ки дар шаҳри Челябински Русия доир гардид, ширкат варзида, бар ҳарифи пурқуввати худ ғолиб омад. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Муҳаммад дар ин мусобиқа бо намояндаи Аргентина Карлос Даниел Кордоба сабқат кард. Дар ин рақобати ҷолиб зарбаҳои Муҳаммад Яъқубов аз рақиб дида, нишонрастар буданд. Ҳамин тавр бо қарори якдилонаи доварон ғалаба насиби муштзани тоҷик гардид.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Яъқубов дар ҳисобаш 19 ғалаба ва 1 бохт дорад. Кароос Даниел Кордоба дар 15 рақобати анҷомдода 7 маротиба мағлуб шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE