Истиқлол маротибаи 10-ум ҷоизадори Ҷоми Тоҷикистон-2023 гардид

Бозии  даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2023  миёни  дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе  ва   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури зиёда аз 8000 нафар тамошобин   дар сатҳи баланд  баргузор шуда, ду қисми асосии дидор ғолибро муайян накард. Дар поёни нимаи дуюми рақобат як иштибоҳи футболбози дастаи Истиқлол Исломов Табрез боис бар он гардид, ки довари майдон корти сурх нишон диҳад. 10-нафар бозингар тавонистанд то ҳадди имкон ҷилави дидорро бар дӯш бигиранд. Ҳарчанд дар қисмҳои иловашуда аниқтараш дар дақиқаи 100-ум Акомади бо як зарбаи нишонрас ҳисоби дидорро кушода Равшанро ба пеш баровард.  Аммо бо гузашти 7-дақиқа Содиқҷон Қурбонов аз як партофти нишонрас хуб истифода карда тавозунро баробар кард. Бо ҳамин ду қисми иловашуда низ ғолибро муайян карда натавонист ва дастаҳо ба задани силсилазарбаҳои 11-метра шурӯъ карданд.  Дар задани силсилазарбаҳои 11-метра ду футболбози дастаи Равшан иштибоҳ карданд ва ин боис бар он гардид, ки дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар иҷрои зарбаҳои 11-метра муваффақ буд ва тавонист, ки бо ҳисоби 5 бар  3 ба муқобили  дастаи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ғолибият ба даст биёрад. Ҳамин тавр, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  маротибаи 10-ум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2023 гардид.

Шодонҷон Султонов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE