Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд

 Ба бозигарон, ҳайати мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Сардор»-и Турсунзода барои ишғоли ҷойи дуюм дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол медалҳои нуқра супорида шуданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бо касби мақоми дуюм дар ҷадвал «Сардор» барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Дар рақобатҳои гузаришӣ дастаи Турсунзода бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ рақобат карда, дар натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 2:2 ва 2:0 пирӯз шуд ва ба Лигаи олии Тоҷикистон роҳхат гирифт.

Маросими ҷоизасупорӣ 30 декабр дар Душанбе баргузор шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE