Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффороваро ба ҳузур пазируфтанд
12 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффороваро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ба рушди пай дар пайи ҳамкории байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳем.
Аз анъанаҳои неки дӯстию ҳамкории ҳалқҳо, муколамаи сиёсии эътимодбахши байни кишварҳо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ва олӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик ва расондани кумаки моддӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ атрофи масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард, ҳамкории ширкатҳои “Талко”-и Тоҷикистон ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Боку ва рушди туризм зарур шумурда шуд.
Зимни баррасии ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ба масъалаи дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, пуштибонии Тоҷикистон аз авлавияти раёсати Озарбойҷон дар “Ҳаракати адами тааҳҳуд”, дар бораи таъсиси Гурӯҳи тамос оид ба мубориза бо коронавирус ва дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳоди ташаббус оид ба баррасии дархости Озарбойҷон ҷиҳати дарёфти мақоми нозир дар ин созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.