Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Роғун

Дар доираи қарори  Ҳукумати кишвар “Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” дар соҳаи маорифи  шаҳри Роғун як қатор корҳои амалӣ ба иҷро расонида шуданд.  Ба таъкиди масулин  аз ҷониби мақомоти маҳал  нақшаи   то 570 тонна   захира намудани ангиш  тарҳрезӣ шудааст, ки то ҳол 60 фисади онро харидорӣ кардаанд.

        Ба гуфтаи Алишер Ҷунайдзода мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун  аз 500 тонна ангиште, ки 42 муассисаи  шаҳр ба он эҳтиёҷ дошта,  то имрӯз 285 тонна харидорӣ ва захира карда шудааст.

        Барои нигоҳдоштани гармии синфхонаҳои таълимӣ дар мавсими сармо,  дар шаҳри Роғун   аллакай тамоми муассисаҳо пурра аз таъмири ҷори бароварда шуда,  шишабандӣ шудаанд. Ҳамзамон муассисаҳои таълимие, ки тариқи шабакаи ягона бо ангиш гарм карда мешаванд, бухориҳои аловӣ насб ва омода карда шудаанд.

        Масъулини Шуъбаи маорифи шаҳри Роғун итминон доранд, ки  то фарорасии мавсими сармо     тибқи нақша, қисмати боқимондаи  ангиштро захира  намуда, дар сардиҳои ин минтақаҳои кӯҳистони мамлакат, хонандагонро, дар синфхонаҳои гарм ба таҳсил фаро мегиранд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE