МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ МОСТ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, мубориза бар зидди падидаи номатлуб -терроризм ва тақвият бахшидани донишҳои сиёсиву ҳуқуқии устодону кормандон ва донишҷӯён вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҳамоиш доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёру эҷодкор бошанд ва дониши ҳуқуқии худро пайваста такмил диҳанд. Дар охир ҳозирин баён доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Манбаъ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE