ТАВАҶҶУҲ! Аз буриши кӯчаи А.Навоӣ то роҳи дусатҳаи хиёбони Н.Махсуми пойтахт ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Аз 26 сентябр бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Баҳоуддинов аз буриши кӯчаи А.Навоӣ то роҳи дусатҳаи хиёбони Н.Махсум (ба масофаи 400 метр) ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт то анҷоми корҳои сохтмонӣ қатъ карда мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Баҳоуддинов истифода баранд.