БАРГУЗОРИИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ” ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

28 сентябри соли 2022 дар доираи нақшаи баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, бо мақсади ташакулли мафкураи сиёсию ҳуқуқии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон, истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ” аз ҷониби масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода бо сокинон ва ҷавонони деҳаи Боғи Ирами шаҳри мазкур гузаронида шуд.

Дар рафти сӯҳбат вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадааст, зикр гардид.

Ҳамзамон оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон ва дигар омилҳои номатлуб дар ҷомеа,  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи масъулин мавриди баррасиву андешаронӣ қарор гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE