Дар шаҳри Анқара 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

27 сентябр дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши кулливу сарнавиштсоз ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба даст гирифт.

Ҳамзамон Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро аз номи Ҳукумати Туркия ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, афзуд, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст дар ҳама самтҳо рушд ёфта истодаанд.

Дар ҳамоиш муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Али Донмез, Президенти KOSGEB Ҳасан Басри Курт, муовини Президенти ТIKA Умит Наҷӣ Ёрулмаз ва меҳмонони зиёд аз сохторҳои гуногуни Туркия ва корпуси дипломатӣ, аз ҷумла Ҳукумат, дастгоҳи Президент, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумон, ректорони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, марказҳои тадқиқотӣ-илмӣ, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма, корхона ва ширкатҳои бузурги саноатӣ, тиҷоратӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE