Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE)
5 октябри соли 2022 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Дмитрий Марясин, ки ҷиҳати иштирок дар Анҷумани минтақавии роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNECE дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.