Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири илм ва таҳсилоти олии Русия
4 октябри соли 2022 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Д.Гулмаҳмадзода бо вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков баргузор гардид.
Зимни мулоқот рушди пайвастаи робитаҳои башардӯстона, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, қайд карда шуд.
Ҷонибҳо рафти иҷрои тавофуқоти дар сатҳи президентҳои ду кишвар ҳосилшударо дар самти ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла ифтитоҳи филиалҳои нави донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ба манзури омода кардани мутахассисони касбӣ, инчунин афзоиши теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мусоҳибон ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маорифу илм, бахусус табодули донишҷӯён, омодасозии муштараки кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ, инчунин эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмиро матраҳ намуданд.