Дар Душанбе бахшида ба оғози Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои занона нишасти матбуотӣ доир мешавад

Имрӯз, 7 июл дар толори  меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои занона соати 11:00 нишасти  матбуотӣ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон посух медиҳанд.

Қабл аз оғози нишасти матбуотӣ,  ба хабарнигорон рухсатномаҳои аккредитатсионӣ барои инъикоси ин мусобиқа дода мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE