Маҳфили илмию адабии «Хирад»
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмию адабии «Хирад» бо иштироки ходими давлатӣ Мирсаидзода Мирзоамин таҳти унвони «Умре дар талаби илму ирфон» баргузор гардид.Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ аз саҳми арзандаи Мирсаидзода Мирзоамин дар рушди илм, маориф ва идоракунии давлатӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки фаъолияти ӯ намунаи хизмат ба ҷомеа ва илму маърифат мебошад.Дар идомаи маҳфил муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода суханронӣ намуда, нақши шахсияти донишмандро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди пойтахт муҳим арзёбӣ кард.Дар маҳфил инчунин намояндагони вазорату идораҳо, олимону донишмандон, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг ва ҳамкорону шогирдон иштирок намуданд.Дар анҷоми маҳфил дӯстон, ҳамкорон ва шогирдон бо суханони табрикӣ баромад намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, умри дароз ва комёбиҳои нав орзу карданд.Шукрона Насриддинзода Садои Душанбе

