Баррасии вазъи Афғонистон дар суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сиғаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳо, рафти омодагӣ ба саммити Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин мушкилоти мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн ба ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд.
Вобаста ба ин мувофиқа ба даст оварда шуд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.