Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ДДМИТ бинои нави таълимӣ ба истифода дода мешавад

Дар арафаи ҷашни 31 –умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли нави таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳакимбек Абдуалимзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Мавсуф афзуд, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои таълимӣ босуръат идома доранд. Бинои нави таълимӣ аз панҷ ошёна ва 96 синфхона иборат буда, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ бо воситаҳои   техникии таълимии муосир ҷиҳозонида мешавад ва туҳфаи хубест барои ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ.

Ҳакимбек Абдуалимзода доир ба дастовардҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт, ки «дар ин давра Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи чорумро соҳиб гардид. Ин мақоми баланд буда, донишгоҳ чандин сол аст дар радифи  «панҷгонаи аввал» қарор дорад. Инчунин дар ҷараёни гузариш ба модулҳои низоми  автоматикунонидашудаи  рақамии таҳсилот дар соли таҳсили  2022 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро беш аз 80 нафар  донишҷӯён бо баҳои «аъло» хатм намуда, ба гирифтани дипломи «сурх» мушарраф гардиданд, ки дар шуъбаи рӯзона, фосилавӣ ва магистратура таҳсил менамуданд».


Таъкид гардид, ки ҳамасола тақсими  хатмкунандагони  гурӯҳҳои буҷетии донишгоҳ  дар асоси дархости  воридшуда ба вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилоти молиявию қарзӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва ташкилоте, ки  ба мутахассисони соҳаи  маориф, иқтисод ва идора эҳтиёҷ доранд, сурат мегирад. Аз шумораи умумии  хатмкардагони  ихтисосҳои  донишгоҳ ҳамасола  ба ҳисоби миёна тақрибан 61 фоиз бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Дар ин давра Шӯрои диссертатсионии 6DКОА-014 бо ҳуқуқи ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ аз рӯи се ихтисос ба фаъолият шурӯъ кард, ки 80 фоизи он аз ҳисоби олимони муассиса ташкил ёфтааст. Ҳамзамон дар соли таҳсили 2022 16 номгӯй китоби дарсӣ барои ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ таҳия шуда, 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Ҳакимбек Абдуалимзода зикр намуд, ки соли равон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди  Тоҷикистон бо 6 муассисаи олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар  доираи лоиҳаи грантӣ дар донишгоҳ озмоишгоҳи таълимию таҷрибавии «Иқтисодиёти рақамӣ» ифтитоҳ гардид, ки имконият медиҳад минбаъд раванди рақамикунонии фанҳои таълимӣ, таҳияи наворҳои иттилоотию иртиботӣ, аудио ва видеомаърузаҳо суръат бахшида шуда, дар ояндаи наздик дар раванди таълим ҷорӣ карда шаванд.

«Ҳоло дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ, пурра гузаштан ба шакли электронии идоракунии донишгоҳ, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳо босуръат  идома доранд», гуфт ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE