Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҷои панҷумро гирифт

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо 6 октябр дар шаҳри Тошканд шурӯъ гардид ва имрӯз – 13 октябр бо қувваозмоиҳои даставии омехта ба анҷом мерасад.

Дар чемпионат 571 варзишгар (310 мард, 261 зан) аз 82 давлат ширкат карданд. Аз ҷумҳурии мо 9 нафар миёни мардҳо ба Тошканд сафарбар гардиданд ва натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов нишон дод.

Темур 12 октябр дар вазни +100кг қувваозмоиро аз даври дуюум оғоз карда, бар Мариус Физел (Словакия) ғалаба кард. Ӯ дар даври сеюм Ҷозеф Терес (Фаронса), дар чорякфинал Минҷонг Кимро (Корея) шикаст дода, ба нимфинал баромад. Аммо дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон Татсуру Саито ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ мағлуб гардида, ҷои панҷумро сазовор шуд. Дар ин вазн Эндӣ Гранда аз Куба бо шикаст додани Татсуруи ҷопонӣ ғолиб гардид. Гурам Тушишвилӣ ва Минҷонг Ким медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.

Дар вазни -66кг, кишвари моро варзишгари ҷавону умедбахш, чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон Эмомалии Нуралӣ муаррифӣ кард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Орландо Полансо аз Куба пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ чемпиони ҷаҳон ва олимпӣ Ҳифуми Абе аз Ҷопон, ки медали тилло гирифт, шикаст хурд. Дар ин вазн медали нуқра насиби варзишгари дигари ҷопонӣ Ҷоширо Маруйама ва медалҳои биринҷӣ насиби Денис Виеру (Молдова) ва Баул Ан (Корея) гардид.

Рӯзи сеюм ду варзишгари мо дар вазни -73кг гуштин гирифтанд. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар даври аввал аз Нилс Стамп (Швейтсария) мағлуб шуд. Беҳрӯз Хоҷазода бошад, дар даври аввал Бенҷамин Аксус (Фаронса)-ро мағлуб кард, вале дар даври дуюм аз Виктор Стерпу (Молдова) шикаст хурд. Медали тиллои ин вазнро Тсогбаатар Тсенд-Очир (Муғулистон) ба даст овард. Ӯ дар финал Соиши Ҳашимотои ҷопониро шикаст дод. Ду медали биринҷиро Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) ва Даниел Гаргнин (Бразил) сазовор шуданд.

Дар вазни -81кг низ ду варзишгари мо рӯи татамӣ баромаданд. Шодмон Ризоев, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Ашраф Моутии марокашӣ шикаст хурд. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар варзишгари Канада Франсис Драпеу ғолиб омад, вале дар даври дуюм аз варзишгари мизбон Шарофиддин Болтабоев шикаст хурд. Унвони чемпиони ҷаҳон дар ин вазн насиби Тато Григалашвилии гурҷӣ шуд. Матзиас Кассе аз Белгия медали нуқра, Такаҳори Нагасе аз Ҷопон ва Шамил Бочашвилӣ аз Австрия медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.

Дар вазни -90кг Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал аз Ивайло Иванови булғористонӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) аз Станислав Гунченкои украинӣ шикаст хурданд. Давлат Бобонови узбекистонӣ бо шикаст додани Кристиан Парлатии итолиёӣ дар финал чемпион шуд. Ду медали биринҷиро варзишгарони Гурҷистон Лука Маисурадзе ва Лаша Бекаурӣ сазовор шуданд.

Абубакри Акобир дар вазни -100кг дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Намояндаи Испания Николоз Шеразадишвилӣ мағлуб гардид. Дар ин вазн низ варзишагри Узбекистон Музаффарбек Туробоев ғолиб шуд. Медали нуқра насиби Киле Рейеси канадагӣ, медалҳои биринҷӣ насиби Михаил Коррел (Нидерланд) ва Зелим Котсоев (Озарбойҷон) гашт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Ҷопон бо 5 медали тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Бразил бо 2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ дар ҷои дуюм, Узбекистон бо 2 медали тилло дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Умуман, варзишгарони 8 давлат ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфтанд. Варзишгарони 25 давлат соҳиби медал шуданд.

Тоҷикистон бо 1 ҷои панҷум миёни 82 давлати иштирокчӣ дар ҷои 28-ум қарор гирифт.

Манбаъ: www.olympic.tj

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE