Пешвои миллат дар Конфронси сатҳи баланди тероризми Душанбе иштирок намуданд
18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карда, роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад барои муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳоро муҳокима намуданд.
Конфронси мазкур дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор шуда, идомаи мантиқии “Раванди Душанбе” мебошад, ки моҳи майи соли 2019 зимни аввалин конфронси минтақавии Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Чорабинии сатҳи баландро муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ифтитоҳ кард.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи роҳбарони ҳайатҳои бонуфузи кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки зимни ин ҳамоиш масъалаҳои таъмини амният, мудирияти сарҳад ва муқовимати муассир ба ифротгароиву терроризм, бахусус пешгирии таҳарруки террористон тавассути сарҳадҳо ҳамаҷониба баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои мушаххас қабул карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуҳуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамоянд.
Гузашта аз ин, паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.
Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада суиистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вобаста ба вазъияти мазкур зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамаи кӯшишҳо ва тадбирҳои байналмилалӣ ба хотири решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб фаъолона ширкат намуда, яке аз иштирокдорони фаъоли ҷомеаи байналмилалии зиддитеррористӣ гардид.
Дар доираи амалӣ намудани Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 Ҳукумати мамлакат дар миёни дигар дастовардҳои назаррас инчунин ба беҳбуди механизми пешгирӣ кардани ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил гардид.
Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирӣ кардани интиқоли фаросарҳадии ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади такмил додани раванди муҳофизати сарҳади давлатӣ ҳанӯз соли 2010 “Стратегияи миллии идора намудани сарҳад” ва нақшаи амали онро доир ба ислоҳоти низоми таъмини амнияти сарҳад барои давраи то соли 2025 бо мусоидати шарикони байналмилалӣ қабул намуд.
Барои таъмин намудани амнияти минтақа ва ҷаҳон ба таври мунтаззам пешгирӣ кардани чунин раванд ва оқибатҳои фоҷеабори он аз ҷумлаи иқдомоти шадидан зарур дониста мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо умед дорем кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ муқовимати муассирро бар зидди ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ мекунанд ва дар роҳи пешгирӣ кардани таҳарруки террористҳо, интиқоли онҳо аз як минтақа ба минтақаи дигар, дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи терроризм, инчунин таҳияи мавқеи ягона нисбат ба мафҳумҳои ифротгароӣ ва терроризм комёб мегарданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба кори конфронс барору комёбӣ ва натиҷаҳои неку назаррас орзу карда, изҳори итминон намуданд, ки кишварҳо ва созмонҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дониш ва таҳкими иқтидори давлатҳо дар мубориза бо терроризм мувофиқи механизмҳои мавҷуда ҳамкории зич ба роҳ мемонанд.
Сипас, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва Дабири кулли Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Ҳелга Шмид бо навори видеоӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ муроҷиат карда, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.
Кори Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” дар бахшҳои алоҳида идома ёфта, интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаи он “Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” қабул гардад.