Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти об
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳим мебошанд. Дар ин бора 17 октябр дар Теҳрон дар дидори Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Подшоҳии Нидерланд Франк Моллен бо мудири кулли идораи умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Беҳзод Собирии Ансорӣ таъкид гардид.
Зимни мулоқот роҷеъ ба баргузории Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд сурат мегирад, табодули афкор сурат гирифт.
Дар ин замина ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳим дониста шуданд.