Мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар шаҳри Абу – Даби баргузор мегардад

Рӯзҳои 21-23 октябр дар шаҳри Абу – Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Тоскулоҳи бузург (“Abu Dhabi Grand Slam 2022”) баргузор мешавад.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 430 ҷудокор аз 66 кишвари ҷаҳон доир мешаванд.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 нафар ҷудокор намояндагӣ мекунад:

-57 кг|Шоҳида Қаландарова
-63 кг |Мавлуда Одинаева
-60 кг |Муслимбек Каримов
-66кг –| Шаҳбоз Саидабуроров
-73кг –| Маҳмадшариф Наҷмиддинов
-81кг –| Шодмон Ризоев
-90кг –| Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг –| Комроншоҳи Устопириён
-100кг –| Абубакри Акобир
-100кг –| Эмомризо Анварзода
+100кг –| Темур Раҳимов

Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Ҷудокороне, ки соҳиби нишони тилло мегарданд, пас соҳиби 1000 имтиёз, соҳиби нишони нуқра 700 имтиёз, соҳиби нишони биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд.

Ҳамчунин ҷудокороне, ки мавқеи 5-ум ва 7-умро касб мекунанд соҳиби 360 ва 260 имтиёзӣ мегараданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷараёни рақобатҳоро шабакаи “Варзиш” ба таври мустақим намоиш медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE