Насими дӯстӣ бар дил сафо орад…

Дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвари ҳамсарҳад ба зинаи нави тараққиёт баромад. Ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ мустаҳкам гардиданд. Аз ҷумла, рўзи 7‑уми майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд Меморандуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Ўзбекистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имзо гардид. Дар меморандуми ҳамкории байни иттифоқи журналистони ду кишвар зикр шудааст, ки соле як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд. Мувофиқи ҳамин созишнома рӯзҳои 12–16‑уми октябри соли ҷорӣ мо ҳайати ёздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон бо сарварии раиси иттифоқ Олимҷон Ӯсаров аз ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон боздид намудем.

Мулоқот бо ҳампешагон
Нахустманзиле, ки мо ташриф овардем, «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд буд. Дар ин мас­кани фарҳангӣ, ки хабарнигорони нашрия­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин воситаҳои ахбори оммавии чопии вилояти Суғд фаъолият пеш мебаранд, ҳампешагон моро гарму ҷӯшон пазироӣ намуданд. Сипас, мулоқоти рӯзноманигорони ду кишвар дар фазои дӯстиву ҳамбастагӣ сурат гирифт.
Нахуст, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бо ироаи шоҳбайти «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, бартар аз дидори рӯи дӯстон» хуш омадед гуфт ва таъкид кард, ки ин сафари ҳайати журналис­тони Ӯзбекистон ба дилҳо сафо бахшида, дар ҳамкориҳои эҷодии ду халқи бародар натиҷаҳои хуб медиҳад ва онро мус­таҳкам хоҳад кард.
Дар идома раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров аз истиқобли гарм ва муҳаббату самимияти ҳамкасбон миннатдорӣ баён кард:
— Роҳе, ки 20 сол наметавонистем гузарем, имрӯз дар 20 дақиқа гузаштем, ки албатта ин ҳама аз иқдомҳои наҷибу созандаи сарони ду кишвар вобастагии зич дорад. Дар Ӯзбекистон қариб 2 миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд. Дар ВАО-и кишвари мо низ сомонаву расонаҳои гуногуни тоҷикӣ нашр мешаванд, ки ин гуна барномаҳо барои боз ҳам гармтар кардани муносибати ду кишвар саҳмгузорӣ менамояд. Рӯзномаи овозадори «Овози тоҷик» ҳафтае ду маротиба чоп мешаванд ва ҳайати он аз 23 нафар иборатанд, ки пурра тоҷикзабонанд. Албатта мо аз ин шодем. Дар шабакаҳои телевизионӣ низ барномаҳои тоҷикӣ дорем, ки барномаи «Рангинкамон» аз ин ҷумла аст. Дар оянда ният дорем, ки барномҳои тоҷикиро зиёдтар ва табодули назарро бо журналистони Тоҷикистон бештар кунем. Аз ин лиҳоз ҳама ҳамкасбони тоҷики худро моҳи ноябр дар Ӯзбекистон интизор мешавем.
Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, рушди муносибатҳо байни журналистони ду кишвари дӯст, масъалаҳои табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, пеши худ мақсад гузошта шуд, ки дар ҳамкорӣ як қатор лоиҳаҳо татбиқ карда шаванд. Пешниҳодҳо доир ба чопи шумораҳои муштараки воситаҳои ахбори оммавии чопӣ, ҳамкорӣ дар бахши телевизиону радио ба ҳар ду ҷониб писанд омаданд.
Ҳайати мо аз идораи рӯзномаҳои «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда» ва «Ҳақиқати Суғд» дидан карда, бо ҳайати эҷодии ин нашрияҳо сӯҳбатҳо анҷом додем.
97 фоизи маҳсулоти корхона содир мегардад
Мо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои саноатӣ дидан кардем. Аз ҷумла, бо фаъолияти ҶДММ «Ҷавонӣ» шинос шудем. Таъкид гардид, ки коргоҳи мазкур соли 1992 дар асоси сармояҳои хориҷӣ созмон ёфта, то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Дар коргоҳ қариб 800 нафар кор мекунанд. Коргоҳ дар асоси технологияи навтарини замонавӣ аз коркарди пахта сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёр — либосҳои мардона, занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табиӣ истеҳсол менамояд.
Коргоҳи мазкур 97 фоизи маҳсулоти хешро ба беш аз 10 кишвари хориҷӣ содир менамояд, ки аксари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад.
Дар коргоҳи мазкур 6 сех: ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ, дӯзандагӣ, рангубордиҳӣ ва дарзмолу борпечкунӣ фаъолият доранд.
3 толори калон бо беш аз 15 ҳазор нигора
Тамошои осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мо таассуроти аҷиб гузошт. Ангор лаҳзае ба олами рангини таърих сайр кардем.
Масъулони осорхона гуфтанд, ки хишти нахустини осорхона моҳи июли соли 2003 гузошта шудааст ва яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки дар он намунаҳое аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудаанд.
Осорхонаи вилоятӣ аз як толори васеи рӯизаминӣ ва се толори бузургҳаҷми зеризаминӣ иборат будааст. Толори якум — «Ҳаёти одамони асри санг», толори дуюм — «Давраи филизӣ» ва толори сеюм — толори фарҳанги ориёӣ буда, дар онҳо беш аз 15 ҳазор нигораҳо маҳфузанд.
Дар осорхона қасрҳои муҳташам, намунаи сутунҳо, ҳайкалҳо, ки дар Тахти Ҷамшед қомат афрохтаанд, ҳамчунин нусхабардорӣ аз катибаҳои Бесутун, нимпайкараи Дорои I ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.
Сайр ба гӯшаи хушманзара
Мавзеи навбатии сафари мо осоишгоҳи «Баҳористон» гардид, ки дар гӯшаи ободу зебои вилояти Суғд, дар соҳили обанбори мусаффои Қайроққум, ки «Баҳри тоҷик» ҳам меноманд, ҷойгир буда, 22‑юми майи соли 2011 кушода шудааст.
Ҳангоми сайр аён гардид, ки дар ҳудуди «Баҳористон» 5 бинои замонавӣ қомат афрохтааст. Дар бинои асосии «Баҳористон» 61 хонаи зисти муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ҳамчунин китобхона, сартарошхона, машшотахона, толори билиардбозӣ ва ғайра қарор доранд. Бинои якум аз 46 утоқ иборат буда, дар он 92 нафар ҷой мешавад. Бинои дуюми «Баҳористон» барои фароғат ва муолиҷа пешбинӣ шудааст. Дар он утоқҳои табобат, ошхона, толори варзиш ва ғайра ҷойгиранд.
Дар варзишгоҳ ва толорҳои варзишии «Баҳористон» барои бозии футбол, баскетбол, теннис, шиноварӣ ва ғайра шароити мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар «Баҳористон»ҳамчунин 2 бинои тобистона сохта шудааст.
Минтақаи сабзу хуррами осоишгоҳ 22 гектарро фаро гирифта, бо табиати зебову мусоиди ҳудуд, иншооти мухталиф, пайроҳаҳои зебо, гулҳои гуногунранг, шумори зиёди фаввораҳои тасвирии тобистона, айвонҳои бо кандакории миллӣ ороишёфта, пайкараҳои мухталиф, гӯшаҳои фароғати кӯдакон, ҳавзҳои кушод, бешубҳа ба ҳар як меҳмони осоишгоҳ ҳузуру ҳаловат мебахшад.
Манзили навбатии ҳайати мо шаҳри дилорову хушобуҳавои Душанбе аст…

Давом дорад.
(Самарқанд-­Тошканд-­Хуҷанд)

Бознашр аз сомонаи Овози Самарқанд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE