Ҳендболбоздухтарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ҷойи дуюмро сазовор шуданд

20-28 ноябр дар шаҳри Намангони Узбекистон Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба ҳендбол миёни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони то 18-сола баргузор шуд, ки ба он аз Тоҷикистон дастаи мунтахаби бонувон сафарбар гардид.

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба ҳендбол дар ин мусобиқа сазовори ҷойи дуюм шуд.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ баргузор шуда, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев чор бозӣ анҷом дод.

Ҳендболбоздухтарони ҷавони мо дар се бозӣ ба муқобили дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон пирӯз шуда, аз дастаи Узбекистон шикаст хӯрданд ва ҷои дуюмро сазовор гаштанд.

Дар мусобиқа миёни духтарон дастаи Узбекистон ҷои аввал ва дастаи Қирғизистон ҷои сеюмро мушарраф шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE