Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ
1 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодз дар ҳошияи 29-ум иҷлоси Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдрахманов вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар доираи ченаки инсонии САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.