Миср: муаррифии бартарии раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба расонаҳо

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ барои расонаҳои мисрӣ брифинг баргузор намуда, доир ба авлавияти раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай иттилои муфассал дод. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки раёсати кишвари мо дар СҲШ босамар хоҳад буд, бахусус дар самти таҳкиму тақвияти амну суботи минтақавӣ ва пешрафту шукуфоӣ. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ мудом аз афкори сулҳоварӣ ва тарғибу ташвиқи роҳҳои ҳалли сиёсию дипломатии низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, хосатан дар Афғонистон пуштибонӣ намуда, тадбирҳои муассир амалӣ менамояд.

Брифинги мазкур ва муҳтавои раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар расонаҳои мисрӣ васеъ инъикос ёфт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE