Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар Москва дар маросими гулчанбаргузорӣ иштирок карданд
Нимаи аввали 5 декабр дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок карданд. Дар ин бора дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ёдовар мешавем, ки 4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.