Дар Душанбе бахшида ба рӯзи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад
Имрӯз, соати 14:00 дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Кӯдакон-дунёи моянд» барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад. Дар ин бора сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар базмгоҳ ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе–шаҳри орзуҳо» ба тамошо гузошта шуда, инчунин баргузории дигар бозиҳои шавқовар барои кӯдакон дар назар дошта шудааст.
Баъди тамошои намоиш дар амфитеатри «Боғи кӯдакон» барномаи фарҳангӣ доир гардида, ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбиявию маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки то охири рӯз барои хотирмон таҷлил намудани ин рӯз манзури кӯдакон гардонида мешаванд.
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» низ Рӯзи кӯдакон бо баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад, ки дар доираи он кӯдаконро шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр», инчунин саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан — Модар ва чистонҳо интизоранд. Инчунин ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда мешаванд. Барномаҳо ва тамошои онҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан кӯдакон таъсири мусбат расонида, онҳоро болидарӯҳ ва хушҳол менамоянд.