КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ ДОИР БА МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОН БА МУВОФИҚА РАСИДАНД

Давоми чанд рӯзи охир дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия доир шуданд. Дар ин ҷаласа дар баробари баррасии самтҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодиву саноатӣ доир ба масоили марбут ба муҳоҷират низ ба таври васеъ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар заминаи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои 8-9-уми феврал баргузор шуд, ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамраисони Комиссия – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Логвинович Оверчук роҳбарӣ намуданд.

Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистон тадбирҳои дар марҳилаи пандемия андешидашудаи ҷониби Россия дар мавриди таъмини имтиёзҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистонро зикр  намуд.

Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки зимни иқомат дар Россия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд. Ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, ҷониби Тоҷикистон барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Россия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби Россия муроҷиат намуд.

Ҳарду ҷониб ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки бо тамаркуз ба коркарди рӯйкардҳои нав, барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистон ва Россия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷаласа ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи кишоварзию хоҷагидорӣ муҳокима намуданд. Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар парвариши маҳсулоти кишоварзии банландсифату тозаи экологӣ, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Россия мувофиқа ҳосил шуд.

Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Россия пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани коргоҳҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштироки фаъол намояд.

Зоириён БАХТИЁР

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE