Душанбе ва Исломобод бародаршаҳр шуданд

Тавре қаблан хабар додем, 14 декабри соли 2022 дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод ба имзо расид.

Ба иттилои корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ҳакимзода, аз ин пеш пойтахти Тоҷикистон бо шаҳри Лаҳори Покистон созишномаи бародаршаҳриро ба имзо расонида буд.

«Шумораи бародаршаҳрҳои Душанбе ба 21 то расид», — илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт. Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид.

Дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф як зумра санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 21 шаҳри давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Америка ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ истиқрор намудааст.

Соли равон шаҳри Душанбе ҳамчунин бо шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда буд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон (3-4 марти соли 2022) дар мулоқот бо роҳбари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку Элдар Азизов ба Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боку имзо гузоштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE