Темур барои медали тилло Комроншоҳ ва Абубакр барои медали биринҷӣ рӯи татамӣ мебароянд
Рӯзи дуюми рақобатҳои Чемпионати ҷудои Осиё бо ҳунарнамоии воқеан дидании варзишгарони тоҷик идома ёфт. Аз миёни чор ҷудочӣ танҳо Ҷаҳонгир Маҷидов аз идома сабқат дар ин мусобиқа маҳрум гашт. Ҳунарнамоии бомуваффақият ва ифтихорангези Темур Раҳимов дар вазни +100кг боис бар он гардид ,ки ҳама ҳарифони хешро дар 4-марҳила шикаст дода роҳи худро ба финали ин мусобиқа ҳамвор созад. Акнун рақиби Темур дар даври ниҳоӣ барои ба даст овардани медали тиллои ин вазн ҷудокори ҷопонӣ мебошад, ки ин шом мо идома рақобатҳоро хоҳем дид. Комроншоҳ Устопириён ва Абубакри Акобир яке дар вазни -90кг дигаре дар вазни то 100кг ба даври тасаллобахши мусобиқа роҳ ёфта барои медали биринҷии вазнҳои хеш андари майдони рақобат хоҳанд гашт. Ба ҷудочиёни тоҷик барои фатҳи қуллаҳои мурод бурдбориҳо орзумандем. Хотирасон мешавем ,ки сабқатҳои ҷудочиёни тоҷик шоми имрӯз баргузор мегардад. ТВ-Варзиш мустақиман пешкаши ҳаводорон мегардонад.
Султонов Шодонҷон
Садои Душанбе