Толибон ба неруҳои мухолифин дар Панҷшер ҳамла карданд
Неруҳои «Толибон»* шаби сешанбе ба воҳидҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии зиддитолибон (ҶММ) дар Панҷшер ҳамла кардаанд ва кушташудагон низ ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 23 август хабаргузории Aamaj News хабар додааст.
«Шаби гузашта толибон дар ноҳияи Хинҷи вилояти Панҷшер ба неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла карданд, ки дар натиҷа ҳашт нафар ҷангиёни толибон кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд», — иттилоъ додааст агентӣ. Дар ҳамин ҳол дар бораи талафоти ҶММ хабар дода нашудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои толибон ба хотири гирифтани ҷасади 20 нафар ҷангиёнашон, ки дар даргириҳои қаблӣ ҷон бохта, чанд рӯз дар майдони ҷанг дар кӯҳҳои минтақаи Хинҷ истода буданд, сурат гирифтааст.
Толибон то ҳол дар бораи ин ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Шиддати задухӯрд баъд аз он шурӯъ шуд, ки ҳафтаи гузашта бо фармони роҳбари олии толибон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода мулло Абдулқаюм Зокир фармондеҳи дастаҳои толибон дар Панҷшер ва Андароб таъйин гардид.
Роҳбари олии толибон ҳамчунин мулло Муҳаммадтайиб Ҳаққониро фармондеҳи неруҳои амниятӣ таъйин кард ва мулло Масафир фармондеҳи корпуси артиши толибон дар Панҷшер гардид.