Пагоҳ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2022 муайян мегарданд
Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод.
Дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.