Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи саноат тақвият меёбад

Мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири саноати мудофиавии Ҷумҳурии Озарбойҷон Вугар Мустафоев баргузор гардид, хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот тарафҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати мудофиа мавриди муҳокима қарор дода, омодагиашонро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории  дуҷониба иброз доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE